"Мегӯянд, пул деҳ." Сабаби баҳси тоҷирон ва маъмурияти бозори Турсунзода чист? ВИДЕО
Гуруҳе аз тоҷирон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода шикоят доранд, ки маъмурият бо талаби “ҳақ” монеи корашон шудааст. Дар идораи "Тоҷикматлубот”-и Турсунзода, ки бозор зери итоаташ ҳаст, шикояти тоҷиронро “беасос” номида, баръакс, баъзеи онҳоро ба саривақт надодани пули иҷора гунаҳкор карданд.