103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои ИДМ бори чорум мавқуф гузошта шуд

0
Созмондиҳандагони аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) тасмим гирифтанд, ки бозиҳоро аз соли 2020 ба 2021 гузаронанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати варзиши Русия хабар додааст.


Ба иттилои манбаъ, тасмими созмондиҳандагони Бозиҳоро вазири варзиши Тотористон Владимир Леонов дар як нишасти матбуотӣ эълон кард.


- Бо назардошти вазъияте, ки дар ҷаҳон ва дар кишварҳои ҳамсояи мо ба вуҷуд омадааст, маҷбур шудем Бозиҳои кишварҳои ИДМ-ро ба таъхир андозем. Буҳрон дахолат кард. Ҳама чиз барои ҳама гуногун аст, аммо ҳама бояд дар як шароит бошанд. Бозиҳо лағв нашуданд, вале ба 2021 мавқуф гузошта шуданд, - гуфт Владимир Леонов.


Ба гуфтаи вазир, санаи дақиқи баргузории ин чорабинӣ бо Вазорати варзиши Федератсияи Русия ҳамоҳанг карда мешавад.


- Мо онҳоро ё пеш аз Бозиҳои олимпӣ ё фавран пас аз он баргузор хоҳем кард, акнун мо байни охири август ва аввали июл интихоб мекунем, - илова кард Леонов.


Ин чорумин интиқоли Бозиҳо мебошад. Дар аввал, нахустин Бозиҳои ИДМ бояд рӯзҳои 20-27-уми августи соли 2020 баргузор мешуд, аммо бинобар вазъи душвори эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки мусобиқот ба моҳи сентябр ва сипас ба моҳи октябр гузаронида шавад.


Ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт.


Интизор меравад, ки дар Бозиҳо тақрибан 3500 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 11 кишвари ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина иштирок мекунанд. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳанд кард.


Иштироккунандагони Бозиҳо дар Деҳаи варзишгарон ҷойгир мешаванд. Дар 21 навъи варзиш мубориза барои 284 маҷмӯи медалҳо ба нақша гирифта шудааст.


Ба барномаи мусобиқот чунин намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3x3) дохиланд.


Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо дар 15 иншооти пойтахти Тотористон, монанди Қасри намудҳои варзиши обӣ, Қасри якҳарбаи «Ак Барс», Маркази намудҳои варзиши соҳилӣ, Маҷмааи варзишии «Мирас», Маркази бокс ва тенниси рӯимизӣ, Қасри варзиш ва Варзишгоҳи марказӣ барпо мегардад.


«Маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии Бозиҳо дар маҷмааи варзишии “Баскет-холл” баргузор хоҳад шуд», - хабар медиҳад сайти Кумитаи иҷроияи ИДМ.


Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешавад. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.


Вазорати варзиши Русия нишон ва тилисми аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қазонро тасдиқ кардааст. Кумитаи тадорукоти Бозиҳо мурғи фурӯзонро ҳамчун рамз ва палангро ҳамчун тилисм ё тумор интихоб намуд. Муаллифи тарҳрезии логотип Албина Сафиуллина аз Тотористон мебошад. Тилисмро Иброҳим Дурдиев аз Маскав кашидааст.




Губернаторы России
Москва

Собянин: Конкурс грантов для НКО побил рекорд по числу одобренных заявок





Москва

В Москве ежегодно состоялся юбилейный, всероссийский, патриотический гала-концерт «Проза и поэзия» «Россия - семья семей»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин подвел итоги конкурса грантов для социально ориентированных НКО



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Как опухший утопленник: Джиган обвинил Ольгу Самойлову в своей не фотогеничности




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Легенда мирового хоккея Игорь Ларионов - амбассадор бренда "Лошадиная сила"

Сборная команда Главного управления Росгвардии по Московской области вошла в тройку победителей на чемпионате Центрального округа

Чемпионат Центрального округа по летнему офицерскому троеборью завершился в Москве


WTA

Рахимова обыграла Биррелл и вышла во второй круг WTA 1000 в Пекине



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Егорьевские школьники разработали собственный фиточай



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России