103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Қаҳрамонҳои нави ҷудои Тоҷикистон маълум шуданд

0
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо рӯзҳои 13-15-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ, баргузор шуд.


Дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ва минтақаи Рашт иштирок карданд. Қаҳрамонҳои нави ҷудои Тоҷикистон аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ду вазн миёни занон муайян шуданд.


Бештари медалҳоро варзишгарони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ), ШНТМ як тиллову як биринҷӣ, Хатлон-2 як тилло, Душанбе-1 як нуқраву ду биринҷӣ, Бадахшон як нуқраву як биринҷӣ, Суғд ду биринҷӣ, Хатлон-1, Рашт яктоӣ медали биринҷиро сазовор гардиданд.


Дар рақобатҳои инфиродӣ дар байни мардон паҳлавонон  Абумуслим Қаюмзода (вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев (то 66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (то 73 кг), Ҳақназар Назаров (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг), Фирдавс Насимов (то 100 кг) ва Хуршед Маҷидов (беш аз 100 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.


Дар сабқати занон Аҳлия Муъминова дар вазни то 57 кило ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.


Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба мисли Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов ва дигарон, ки барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ширкат надоштанд.  


Бояд гуфт, ки ба иллати пандемияи COVID-19 мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо бе ҳузури тамошобинон дар толор сурат гирифт.


Зимнан, ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузории ҳамаи силсиламусобиқаҳои ҷудои ҷаҳонӣ дар соли равон ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд.


"Пас аз бозгашти бомуваффақият ба мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Маҷористон дар охири моҳи октябр, IJF умедвор буд, ки ҳадди аққал боз як чорабинии ҷаҳонии ҷудо - Гран-прии Загреб то охири сол доир карда шавад, вале, мутаассифона, бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ дар аксар минтақаҳои ҷаҳон шиддат мегирад. Дар чунин шароит IJF ба хулосае омад, ки дар соли ҷорӣ ягон силсилачорабинии ҷаҳониро баргузор накунад", - гуфта мешавад дар изҳорот.


Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2020:


Мардон


-60 кг


1. Абумуслим ҚАЮМЗОДА


2. Сарвар АБДУШУКУРОВ


3. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ


4. Саъдӣ  СОБИРЗОДА


-66 кг


1. Баҳром СӮФИЕВ


2. Муҳаммадисо РАҶАБОВ


3. Масъуди АҲМАДЗОД


3. Фурқат МУБОРАКҚАДАМОВ


-73 кг


1. Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ


2. Қоим ШУКРОНОВ


3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ


3. Алӣ БОҚИЕВ


-81 кг


1. Ҳақназар НАЗАРОВ


2. Оламафрӯз АБДУРАҲМОНОВ

3. Ҳамроз РАҶАБОВ


3. Умар РАСУЛОВ  


-90 кг


1. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ


2. Комрон КАРЛИКОВ


3. Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ


3. Исроил РАҲИМОВ


-100 кг


1. Фирдавс НАСИМОВ


2. Носир ШЕРХОНОВ


3. Мансур РАҲМОН


3. Эмомризо АНВАРЗОДА


+100 кг


1. Хуршед МАҶИДОВ


2. Толибҷон ТОҲИРОВ


3. Умед КАМОЛОВ


3. Бобоҷон БОБОЕВ


Занон


-57 кг


1. Аҳлия МУЪМИНОВА


2. Шукрона ҚАРЧИЕВА


3. Ватансу ШАКАРШОЕВА


3. Ҷаннатзо ҚУРБОНАЛИЕВА


-70 кг


1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА


2. Фазилат ГУЛБОЕВА


3. Гулафзо ГУЛОВА


3. Мавлуда ОДИНАЕВА


Бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо рақобатҳои дастаӣ баргузор шуд, ки натиҷааш чунин аст:


1. Душанбе


2. Суғд


3. Рашт




Губернаторы России
Москва

Собянин: МЦД продлят до Калужской, Смоленской, Тульской и Ярославской областей





Москва

Подведены итоги конкурса «Мы верим твердо в героев спорта»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин заявил о продлении наземного метро Москвы в Тульскую область



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Шнуров

Жена музыканта Сергея Шнурова Ольга подала на развод




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ГУАП на открытии XXIX Международного Биос-форума

Росгвардейцы в центральных регионах России провели мероприятия ко дню рождения Героя России Анатолия Романова

Подведены итоги конкурса «Мы верим твердо в героев спорта»


Хуберт Хуркач

Хуркач пожертвует по €100 за каждый эйс пострадавшим от наводнения



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

На подмосковном предприятии «Метровагонмаш» отпраздновали День машиностроителя



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России