Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2023

Шаҳромро бо кӯмаки Радиои Озодӣ пайдо карданд. ВИДЕО

0
Шаҳромро бо кӯмаки Радиои Озодӣ пайдо карданд. ВИДЕО

Волидонаш мегӯянд, писари аз хона фироркардаро бо кӯмаки тамошобинон Радиои Озодӣ пайдо карданд.

Нигарониву ғаму тарси хонаводаи Камоловҳо, ки дараки Шаҳроми 15-соларо меҷустанд, се ҳафта баъди нопадид шудани писар ҳафтаи аввали моҳи июн  рафъ шуд. Писари аз мактабаш ба самти Душанбе фироркардаашонро дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳои канори пойтахт пайдо карданд. Дар ин муддат ҳоли модараш бад шуд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи маҳаллӣ табобат мегирад.

Саъдӣ Камолов, падари Шаҳром мегӯяд:  “Чанд касе занг зада гуфт, ки “аз шабакаи Озодӣ тамошо кардем, писари шумо дар шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи кӯҳна дар яке аз нуқтаи шустушӯи мошин ҳамонҷо хоб мекардааст, кор мекардааст, соғу саломат аст, омада бинед”.

Шаҳром, ки аз ҳодисаи рухдода зоҳиран дар ҳиҷолат аст, аз волидонаш узр пурсидааст. Ӯ зиёд ҳарф намезанад, вале мегӯяд, ки сабаби аз хона рафтанаш ҳам тарс аз сарзаниши падар буд. Ӯ мегӯяд,  ҳодиса аз он ҷо сар шуд, ки 18 май, баъди анҷоми дарси мактаб на ба хона, балки ба як нуқтаи бозии кампютерӣ рафтааст.      

Ин ҷо яке аз дустонаш ба ӯ ҳушдор медиҳад, ки ин кирдорашро ба волидайнаш мерасонад.  Мегӯяд, азбаски волидони ин яккаписар  ӯро  ҳушдор дода буданд, ки камтар ба бозиҳои кампютерӣ машғул шавад,  аз таҳдиди рафиқаш тарсид. Тасмим гирифт ба Душанбе фирор кунад.     

Ӯ нагуфт, ки чӣ гуна ба Душанбе рафту тавонист ба кор қабул шавад, вале, ба гуфтааш, тамоми ин муддат  дар як  нуқтаи шустушӯи нақлиёт кор ва дар ҳамон ҷо ҳам шабро рӯз мекард.      

Маълум нест чӣ гуна масъули нуқтаи шустушӯи мошин ноболиғи ношиносро ба кор қабул кард ва бо чӣ шароит барои ӯ имкони кор дар ин ҷоро фароҳам намуд.

Ҳоло Шаҳром мегӯяд, дар рӯзҳои аввали баъди расидан ба Душанбе аз кори худ пушаймон шуда буд ва орзу мекард, ки ба хона баргардад.   

 Ӯ мегӯяд: “Вақте падар маро пайдо кард ва гуфт, ки “чаро як маротиба ба ман занг назадӣ, агар занг мезадӣ, ман иҷозаи корро медодам”, аммо ман метарсидам, ки падар маро ҷанг мекунад.”      

 Шаҳром гуфт, аз ӯ “касе напурсидааст”, ки  аз куҷо ва чигуна ба Душанбе омад.     Шаҳром мегӯяд, баъди ин хатояш ҳоло ба гуноҳаш иқрор аст ва аз падру модараш бахшиш мепурсад. Ин шабу рӯз, ба гуфтааш,  ба имтиҳонҳои мактаб тайёрӣ мебинад.      

Аммо ин ҳодиса  сабаби бемор ва бистарӣ шудани модараш гаштааст.   

Мақомот аз падари Шаҳром хостаанд, ки омада, баёнот нависад, то ҷӯстҷӯи Шаҳромро қатъ кунанд.  Падари Шаҳром ҳамчунон мехоҳад аз Радиои Озодӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба нопадид шудани писараш ташаккур гӯяд.  

Солҳои ахир омори расмӣ дар бораи чӣ қадар нопадид шудани кӯдакон дар Тоҷикистон нашр намешавад. Аммо бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар маҷмӯъ танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020 709 нафар бедарак шудаанд. Аз ин 470 нафараш ёфт шуда, тақдири 239 нафари дигар то ҳол номаълум боқӣ мондааст. Дар байни гумшудаҳо кӯдакон низ кам нестанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: На майских праздниках парковка в Москве будет бесплатной





Москва

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: парковка в Москве на майских праздниках будет бесплатной



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Шапка

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

RU.TV превращает Русскую Музыкальную Премию в Мюзикл

Кыргызстанцы завоевали медали на международном турнире по танцам в Москве

Олимпиада по финансовой грамотности МГУ проходит при поддержке СберСтрахования жизни


Арина Соболенко

Соболенко: я предпочитаю смотреть мужской теннис, а не женский



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Концерт

Концерт «Юрий Башмет, Константин Хабенский, ансамбль «Солисты Москвы». К. Сен-Санс «Карнавал животных»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России