Ятимов дар бораи созиши марзӣ: "Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд"
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳам шахсоне ҳастанд, ки аз имзои созиши марзӣ бо Қирғизистон розӣ нестанд.
Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 13-уми март дар Бишкек ва дар посух ба суоли АКИpress баён доштааст.
Ба навиштаи расона, Ятимов созиши марзиро бо Қирғизистон “ба манфиати ҳарду мардум” ва танқиди ин қарорро “як ҳолати одӣ” донист.
Ӯ гуфтааст: “Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд, вале ин муҳим нест. Муҳим ин ки манфиатҳои ҳарду давлат ҳал шуд. Ҳоло муносибатҳо бародарона, таърихӣ, мисли бародарони хунӣ хоҳанд шуд. Масъалаи бозкушоии ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ усулан ҳал шудааст.”
Маълум нест манзури Ятимов аз норозӣ будани бархе аз созиши марзӣ чист. То ҳол ҳеч кас, аз ҷумла сокинон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба таври ошкор мавқеи худро дар бораи шеваи марзнигорӣ марз баён накардаанд.
Дар Қирғизистон ҳадди ақал як вакили порлумон, ки ба дурустии созиш шубҳа кард, мавриди сарзаниши президенти ин кишвар Содир Ҷабборов қарор гирифт.
Саймуъмин Ятимов ҳамроҳи ҳамтояш аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев раҳбарии Кумисюни таъйину аломатгузории марзро бар уҳда доранд.
Созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март аз тарафи президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Бишкек имзо шуд. Дар ҳамин рӯз ду гузаргоҳи марзиро низ ба таври тантанавӣ боз карданд.