Добавить новость
103news.com
World News
Март
2020
1 2
3
4
5
6
7 8 9 10 11 12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23 24
25
26
27
28
29
30
31

Баҳодур Усмонов дар чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ шикаст хӯрд

0
Баҳодур Усмонов дар чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ шикаст хӯрд

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик имрӯз, 9-уми март, дар даври чорякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс дар шаҳри Аммон дар вазни то 63 кило аз Обада Муҳаммад Мустафо Алкасбеҳ аз Урдун бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва акнун муборизаро барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар даври тасаллобахш идома хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки Баҳодур Усмонов порсол дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбеҳро шикаст дода буд. Ин дафъа рақибаш интиқом гирифт. Алкасбеҳ, ки соҳиби роҳхати олимпӣ шуд, дар нимфинал рӯзи 11-уми март бо Зокир Сафиуллин (Қазоқистон) рақобат мекунад. Баҳодур бошад, дар даври тасаллобахш 10-уми март бо Ашкон Ризоӣ аз Эрон вориди рақобат мешавад.

Шоми имрӯз боз як муштзани тоҷик - Сумая Қосимова – дар Урдун дар сабқати занон барои роҳхати олимпӣ мубориза мебарад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 51 кило бо Чанг Юан аз Чин рақобат мекунад.

Вале ду муштзани дигари тоҷик - Шаббос Неъматуллоев ва Давлат Болтаев - рӯзи 8-уми март дар даври чорякниҳоӣ ноком шуданд. Ҳарду аз муштзанҳои машҳур аз Қазоқистон шикаст хӯрданд. Шаббос дар вазни то 81 кило аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гашт.

Давлат бошад, дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон Василий Левит бо ҳисоби 0:5 бохт.

 

Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) 9 нафар --  Шуҳрат Сабзалиев ( 52 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг), Шералӣ  Мамадалиев (69 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (75 кг), Давлат Болтаев (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (беш аз 91 кг) дар сабқати мардон, Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (69 кг) дар сабқати занон аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Новая поликлиника в Филимонковском районе откроется в этом году





Москва

Омск стал первым в рейтинге миллионников по росту цен на новостройки


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Новая поликлиника в Филимонковском районе откроется в этом году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анна Нетребко

Невозможность иметь детей или разные политические взгляды: Нетребко разводится с Эйвазовым




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Певец Крид заявил, что бывшие сделали его сильнее

Контрольный матч. ЦСКА выиграл у "Шинника".

Медальный зачет Игр «Дети Азии» 28 июня: по-прежнему впереди Узбекистан


Уимблдон

Теннисист из Казахстана не сумел пробиться в основной раунд Уимблдона-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Українські новини

Робота водієм у Таксі 571 (Київ)



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России