Добавить новость
103news.com
World News
Июнь
2020
1 2 3 4 5 6 7
8
9
10
11
12 13 14 15 16
17
18
19 20 21 22 23 24 25
26
27 28 29 30

"Муйсафед, бирав!". Даҳҳо эътирозгар дар Қазоқистон боздошт шуданд. ВИДЕО

0
Даҳҳо нафар, ки бо даъвати ду ҳизби мухолиф бо талаби ислоҳоти демократӣ дар Қазоқистон рӯзи 6-уми июн ба хиёбонҳо баромада буданд, аз ҷониби пулис боздошт шуданд.​


Бар асоси гузоришҳои расида даҳҳо нафар дар шаҳри Алмаато ва чаҳор шаҳри дигари Қазоқистон боздошт шудаанд.


Боздоштҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки рӯзи 20-уми май дар Қазоқистон қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро тағийр доданд.


Созмонҳои ҳуқуқи башар Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистонро танқид мекунанд, ки пас аз сари қудрат омадан барои беҳбуди ҳуқуқи инсон дар ин кишвари бузурги Осиёи Марказӣ коре накард. Президенти кунунӣ пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев дар соли 2019, ки пас аз 30 соли президентӣ истеъфо дод, сари қудрат омад.




Қазоқистон, ки кишвари дорои захираҳои ғании нафт аст, пас аз поин шудани нархи нафт дар замони пандемияи коронавирус ба мушкил дучор шудааст.




Дар шаҳри Алмаато пулис, аз ҷумла воҳидҳои махсуси мубориза бо бетартибиҳо чанд хиёбон ва майдони марказиро, ки дар он ҷо ҳудуди 100 фаъоли мухолиф ҷамъ омада буданд, бастанд.


​Хабарнигори мо дар бораи боздошти даҳҳо нафар дар наздикии боғи Гандӣ дар Алмаато хабар дод. Тибқи гузоришҳо онҳо ҷонибдорӣ ҳизби Коше, ки ба ҷунбиши "Интихоботи демократии Қазоқистон" марбут аст, будаанд.


Ҳизби Интихоботи Демократии Қазоқистон ва Ҳизби Демократӣ, ки ин ҳамоиши эътирозиро созмон дода буданд, ​ба гуфтаи ҳукумат, тартиботи ҷоришуда дар замони пандемияи коронавирусро вайрон кардаанд.


Аз пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон гузориш мешавад, ки кормандони зиёди пулис дар хиёбонҳо қарор доранд.




Бар асоси гузоришҳо 20 фаъоли мухолиф дар шаҳри Семей, Шимкент ва Қизилорда аз ҷониби пулис боздошт шудаанд. Дар Оқтеппа низ чанд нафар боздошт шудааст. Дар шаҳри Алмаато як гурӯҳи фаъолон шиори “Ман нафас кашида наметавонам”-ро доранд, ки шабеҳи шиори эътирозгарон дар Амрико аст. Ин шиори ҳазорон нафар эътирозгарон дар Амрикост, ки аз илтиҷои Ҷорҷ Флойди африқоитабор иқтибос кардаанд, ки ҳангоми боздошти пулис ба забон оварда буд. Ӯ баъдан дар боздоштгоҳ фавтид ва боиси эътироз дар Амрико шуд. Эътирозгарони дигар шиори “Муйсафед, бирав!” дар доштанд, ки зоҳиран ишора ба Нурсултон Назарбоеви 79 сола аст, ки дар мансаби раиси Шӯрои амният Қазоқистонро идора мекунад.


Гурӯҳи дигар аз Тоқаев, президенти кишвар талаб доштанд, ки сарватҳои табии кишварро ба манфиати мардум истифода кунанд.


Қазоқистон, кишвари дорои захираҳои нафтӣ 19 миллион аҳолӣ дорад ва дар замони пандемияи коронавирус зиён дидааст. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ду моҳи охир дар Қазоқистон беш аз 4 миллион нафар манбаҳои даромади худро аз даст додаанд.






Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России