Раҳмону Путин аз додугирифту ҳамкорӣ гуфтанд, аз вазъи муҳоҷирон чӣ?
Додугирифти Тоҷикистон ва Русия дар соли 2024 ба якуним миллиард доллар расидааст. Ҳафт дарсад бештар аз гузашта.
Ин омор дар мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми март дар Маскав садо дод.
Ба иттилои оҷонси расмии ТАСС, Путин гуфтааст, "равобити мо рушд мекунад. Сармоягузорӣ ҳам тақрибан ҳамин хел ва ҳатто андаке бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад."
Эмомалӣ Раҳмон аз "рушди босуръати равобит" байни ду кишвар ситоиш карда, гуфтааст, Маскав "шарики пешрафтаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ"-и Тоҷикистон мемонад.
Ин чанд нуктаест, ки аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар ҳузури хабарнигорон берун омад. Он чӣ ки дар мулоқоти як ба як ва паси дарҳои баста садо додааст, иттилое дар даст нест.
Ин ҳам рӯшан нест, ки дар вохӯрӣ масоили муҳоҷират ва вазъи муҳоҷирони тоҷик матраҳ шудааст ё не. Дар ҳоле ки тайи як соли охир, баъди ҳамлаи маргбор ба "Крокус", муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар шароити сахттарин қарор доранд.
Сафари президент Раҳмон ба Маскав низ дар остонаи яксолагии ҳамла ба толори консертии “Крокус" сурат гирифт. Бо гумони ҳамла, тарҳрезӣ ва кумак беш аз бист нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Ниҳодҳои интизомии Русия ҳангоми боздошту бозпурсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ошкор онҳоро шиканҷа карданд.
Бо ин вуҷуд Русия макони муҳими муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.
