Добавить новость
103news.com
World News
Март
2025

Беш аз 200 касро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд

0

Дар Тоҷикистон 53 зан ва 147 мардро аз зиндонҳои Ёвону Норак озод карданд. Ҳамроҳи онҳо 23 ноболиғ ҳам раҳо карда шудааст.

Идораи зиндонҳои Вазорати адлия номи онҳоро нагуфт. Маълум нест, дар миёни озодшудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли наздиконашон бо иттиҳомҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд.

Раҳоии беш аз дусад нафар рӯзи 21-уми март бар асоси авфе сурат гирифтааст, ки рӯзе пеш раисҷумҳур имзо кард. Ин авф тақрибан нуҳсад касро дар бар мегирад, ки ҷиноятҳои миёна, вазнин ё махсусан вазнин кардаанду дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯйхатро комиссияи ҳукуматӣ тартиб додааст ва онро ба зудӣ дастрасу нашр мекунанд.

"Рӯйхат дар дасти ҳукумат аст. Дар онҷо занҳо бисёранд. Як қисмаш имрӯз баромаданд. Махсусан онҳое, ки дар муассисаи ислоҳӣ кӯдак доранд. Авфҳо хубанд. Мо тарафдори авф ҳастем. Ин падидаи хуб аст, ман дастгирӣ мекунам. Ман ҷонибдори авф ва ва бахшидани гуноҳ астам," – афзуд ӯ.

Умаров дар мавриди эҳтимоли раҳоии баъзе аз хабарнигорон ва фаъолону сиёсатмадорони зиндонӣ посух надод ва беҳтар донист, мунтазири нашри рӯйхат бимонем.

Дар Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қонуни афв қабул гардида буд. Тибқи он, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазору 500 нафар сабт шудааст. Омори нав феълан дастрас нест.

Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, беш аз 50 нафар кушта шуданд.

Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России