Добавить новость
103news.com
World News
Май
2025

Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар байни Панҷу Фархор

0

Дидбонгоҳе назди шоҳроҳи Фархор-Панҷ, ки онро чун мавзеи “18 гардиш” мешиносанд, аз ҷониби марзбонон назорат мешавад. Ин ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз ҷойгир шудаанд.

Ҳар шахсе, ки аз ноҳияи Панҷ ба Фархор ё баръакс ҳаракат мекунад, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияшро бо худ дошта бошад.

Бархе аз сокинон, ки тариқи ин роҳ ба Панҷ сафар кардаанд, мегӯянд, аз онҳо шиноснома пурсидаанд.

Хонум Ситора, ки савори мошине барои як ҷанозаи хешовандонаш мерафт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мошинеро, ки онҳо нишаста буданд, манъ карда шиноснома пурсиданд. Баъди санҷидани санадҳо онҳоро иҷоза доданд бираванд.

То кунун дар ин роҳ постгоҳи марзӣ вуҷуд надошт. Як манбаъ аз Раёсати марзбонии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин постгоҳ муваққатист, вале дақиқан маълум нест, то кай дар ин ҷо хоҳад монд. Сабаби гузошта шудани дидбонгоҳро ҳам мақомот шарҳ надоданд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз ин идора танҳо гуфт: “Тахминан се моҳ шуд, ки дастур шудааст, ки дар ин роҳ сарбозон рафту омадро назорат кунанд, аммо ин пости мавақатӣ аст ва доимӣ нест”.

Аз соли 2020 то кунун барои таҳкими назорати марзии ноҳияи Фархор панҷ дидбонгоҳ бунёд шудааст. Мақомот мегӯянд, тамоми дидбонгоҳҳо таҳти назорати марзбонон қарор доранд.

Раиси ноҳияи Фархор ҳам гуфта буд, ки ҳамаи ин дидбонгоҳҳоро ҳукумат сохтааст. Назрӣ Зариф, раиси ноҳияи Фархор, аз ҷумла гуфта буд:

“Чаҳор дидбонгоҳро соҳибкорон аз шаҳри Душанбе омада дар инҷо сохта доданд. Мо назорат мекардем, дастгирӣ менамудем ва хабарҳоро медодем, ки сохтмон рафта истодааст. Ҳар мушкиле, ки пайдо мешуд, рафта ҳал мекардем. Бениҳоят дар сатҳи олӣ сохта шудааст. Ҳама таҷҳизоти нав дорад”.

Сокинони калонсол мегӯянд, дар 30 соли истиқлолият ва ҳатто дар замони шӯравӣ, дар ин мавзеъ постгоҳи марзӣ вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи сокинон, онҳо бидуни ягон санҷиш аз Панҷ ба Фархор озодона рафтуомад мекарданд.

Ҳоло бошад, ҳар нафаре, ки аз ин роҳ мегузарад, бояд ҳатман шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияташро тасдиқ мекунад, бо худ дошта бошад.

Ташкили ин постгоҳ дар пасманзари афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар минтақа сурат гирифтааст. Соли гузашта дар ҳамин минтақа чанд қочоқбар дастгир шудааст.

Тибқи иттилои расмии Қисми марзбонии Ҳамадонӣ ва Фархор, дар соли 2024 дар марз 180 кило маводи мухаддир ошкор ва мусодира гардидааст.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России