Добавить новость
103news.com
World News
Июнь
2025

Камбуди харидор дар бозори моли Карочӣ дар остонаи Иди Қурбон

0

Дар Покистон, ки мардуми зиёде Иди Қурбонро таҷлил мекунанд, имсол зоҳиран зӯри на ҳама ба забҳи гӯсфанд ё гове мерасад. Қимати чорво дар ин кишвар чун дар Тоҷикистон боло рафтааст ва мардуме, ки ба бозори мол барои харид меоянд, аз дидани нархҳо ноумед мешаванд.

Бозори азими чорво дар шаҳри Карочии Покистон дар остонаи Иди Қурбон имсол камодам аст. Баъзе аз харидороне, ки меоянд, ноумед бармегарданд, чун қимати чорво барои қурбонӣ бисёр боло рафтааст.

Муҳаммад Дониш, ки барои харид ба ин бозор рафт, нохушнуд буд. Ӯ гуфт, «Қимати чорво ҳоло сар ба фалак кашидааст. Барои як чорвое, ки фикр мекунед, ки 300 000 рупия, ё бештар аз 1000 доллар қимат дорад, 2500 -2800 доллар ё 3500 доллар мехоҳанд. Худатон инҷо мебинед, ки назар ба харидор, фурӯшандаҳо зиёданд.“

Дар ин бозор навъҳои гуногуни ҷонваронро барои фурӯш меоранд, сар аз гову гӯсфанд, то ба шутуру говмеш. Фурӯшандагон мегӯянд, қимати чорворо барои ба даст овардани суди зиёд боло набурдаанд. Шароит онҳоро маҷбур кардааст.

Фурӯшанда Муҳаммад Амир болоравии нархро чунин шарҳ дод: "Гандум қимат аст, нақлиёт аст, молиёту сабабҳои зиёди дигар ҳаст. Возеҳ аст, ки нарх боло меравад. Мо онро бар зарари худамон намефурӯшем".

Тоҷири дигар ҳам ба айни сабабҳо ишора мекунад ва мегӯяд, худи парвариши чорво дар соли ахир гаронтар шудааст.

Фурӯшандаи дигар Муҳаммад Аслам мегӯяд: "Сабаби қиматӣ аз худи чорвопарварон оғоз мешавад. Алаф ҳам қимат аст. Ман соли гузашта 40 кило кунҷораи пунбадонаро 2000 рупия ва ё 7 доллар мехаридам, ҳоло 12 доллар шудааст. Гандум ва дигар хӯроки чорво ҳам гарон шудааст".

Дар Покистон имсол Иди Қурбонро рӯзи 7-уми июн таҷлил мекунанд ва шикоятҳо аз боло рафтани қиматҳо дар ин сол зиёдтар аст. Ин ҳам дар замоне, ки иқтисоди Покистон баъди солҳо нокомӣ рӯ ба рушд овардааст.

Ҳаракат дар роҳи беҳбудӣ баъди он оғоз ёфт, ки Сандуқи Байналмилалии Пул дар ивази ихтисоси 7 миллиард доллар қарзи боимтиёз аз Покистон хост, иқтисодашро ислоҳ кунад. Ҳукумат ҳам қимати нерӯи барқ ва молиётро боло бурд, вале бори аввал таваррум дар кишвар моҳи апрел поин омад.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России