Добавить новость
103news.com
World News
Июль
2025

Ду медали тиллои гуштигирони тоҷик дар Туркия

0

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи паҳлавони машҳури турк Яшар Доғу, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо, ки рӯзҳои 26-29-уми июн дар шаҳри Коҷаэлии Туркия баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки миёни мардон аз рӯи 10 вазн сурат гирифт, варзишгарони беш аз 20 кишвар иштирок карданд. Ду паҳлавони тоҷикистонӣ ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф шуданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило дар даври ниҳоӣ муқобили Ислом Ҳусейнов аз Беларус дастболо шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Магомед Евлоев дар вазни то 79 кило дар даври ниҳоӣ бар Рамазон Сарӣ аз Туркия пирӯз гардид.Ёдовар мешавем, соли гузашта дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Магомед Евлоев дар вазни то 74 кило медали нуқра ва Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило медали биринҷӣ гирифта буданд.
Абдулмаҷид Кудиеви 25-сола ва Магомед Евлоеви 26-сола, ки ҳарду зодаи Русия мебошанд, шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтаанд ва аз ибтидои соли 2023 ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохиланд. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии гуштии озод «Яшар Доғу – 2025»:

57 кг1. Амон Амон (Ҳиндустон)2. Раҳул Раҳул (Ҳиндустон) 3. Юсуф Демир (Туркия)3. Муҳаммад Каравус (Туркия)

61 кг1. Эмран Орманоғлу (Туркия)2. Удит Удит (Ҳиндустон)3. Сардор Рӯзимов (Узбекистон)3. Раҷаб Топал (Туркия)

65 кг1. Абдулмаҷид Кудиев (Тоҷикистон)2. Ислом Ҳусейнов (Беларус)3. Кавит Ачар (Туркия)3. Роҳит Роҳит (Ҳиндустон)

70 кг1. Ҳайдар Явуз (Туркия)2. Начин Куулар (Қазоқистон)3. Умут Эрдуғон (Туркия)3. Вишал Калирамана (Ҳиндустон)

74 кг1. Нуркожа Кайпанов (Қазоқистон)2. Рамазон Рамазонов (Булғористон)3. Сайфулло Итаев (Фаронса)3. Ҷаъфар Чулибоев (Узбекистон)

79 кг1. Магомет Евлоев (Тоҷикистон)2. Рамазон Сарӣ (Туркия)3. Иброҳим Япрак (Туркия)3. Ҷабраил Гаҷиев (Озарбойҷон)

86 кг1. Алӣ Тсокаев (Озарбойҷон)2. Азамат Давлатбеков (Қазоқистон)3. Алперен Атар (Туркия)3. М-Ҳабиб Кадимагомедов (Беларус)

92 кг1. Аҳмад Батаев (Булғористон)2. Алперен Токгёз (Туркия)3. Эмирхон Қилич (Туркия)3. Дипак Пуния (Ҳиндустон)

97 кг1. Ризобек Айтмухан (Қазоқистон)2. Аҳмад Магамаев (Булғористон)3. Александр Гуштин (Беларус)3. Расул Гюне (Туркия)

125 кг1. Муҳсин Мансур Сияр (Олмон)2. Алишер Ергалӣ (Қазоқистон)3. Георгий Иванов (Булғористон)3. Хоқон Бюкчингюл (Туркия)







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России