Добавить новость
103news.com
World News
Июль
2025

Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ наёфт

0

Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар севумин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «H» аз дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври охирини гурӯҳи “Н” шаби 5-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳамлагарони фаластиниҳо Далия Нодир Азмӣ Асадҳалим ду гол ва Нур Юссиф як гол ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври ниҳоии гурӯҳи “Н” 5-уми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Кореяи Шимолӣ дастаи мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «H» аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:10 ва дар бозии дувумаш аз тими Малайзия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии даври севум дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “Н” ҷойи аввалро касб карда, соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 гардид.

Мунтахаби Малайзия бо 6 имтиёз дувум, тими Фаластин бо 3 имтиёз севум ва дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз чаҳорум шуданд. Ҳамин тариқ, ҳарсе даста аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳайати тими миллӣ аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони кишвар ташкил шуда буд.

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ғайр аз Тоҷикистон, дар шаш кишвар: Тайланд, Мянмар, Индонезия, Ветнам, Узбекистон ва Камбоҷа ба поён расиданд.Ғолибони ҳафт гурӯҳ – Ҳиндустон (гурӯҳи “В”), Бангладеш (гурӯҳи “С”), Тайпейи Чин (гурӯҳи “D”), Ветнам (гурӯҳи “Е”), Узбекистон (гурӯҳи “F”), Филиппин (гурӯҳи “G”), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи “Н”) - ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 1-ум то 26-уми марти соли оянда дар Австралия баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Австралия ҳамчун мизбон, Чин ба ҳайси қаҳрамони феълӣ, Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун финалист ва Ҷопон ҳамчун дорандаи нишони биринҷии мусобиқоти феълӣ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 шудаанд.

Роҳхати охиринро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ғолиби гурӯҳӣ "А" ба даст меорад. Бозиҳо дар ин гурӯҳ бо ширкати панҷ даста – Эрон, Урдун, Лубнон, Сингапур ва Бутан - аз 7-ум то 19-уми июл дар Урдун барпо мегарданд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби миллии занонаГурӯҳи «Н»

Кореяи Шимолӣ

Малайзия

Фаластин

Тоҷикистон

Даври 1-ум29-уми июн (якшанбе)

Малайзия – Фаластин – 1:0

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 10:0

Даври 2-юм2-юми июл (чоршанбе)

Фаластин – Кореяи Шимолӣ – 0:10

Тоҷикистон – Малайзия – 0:1

Даври 3-юм5-уми июл (шанбе)

Кореяи Шимолӣ – Малайзия – 6:0

Фаластин – Тоҷикистон – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ1Кореяи Шимолӣ330026-092Малайзия32012-663Фаластин31023-1134Тоҷикистон30030-140







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России