Эмомалӣ Раҳмон бо вазири хориҷии Эрон ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30-уми июл бо Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дидору гуфтугӯ кардааст. Дафтари матбуоти президент хабар додааст, ки дар мулоқот, “масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.”
Дар баёнияи расмӣ дар ин бора омадааст: “Алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид.”
Айни замон ба қавли дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ду тараф ҳамчунин “доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак “ гуфтугуи судманде доштаанд.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки мавзуҳои суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ аст.
Тоҷикистон моҳи июн ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба таъсисоти атомии Эронро маҳкум карда ва аз ҷумла гуфта буд, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”
