Сӯхтор дар Варзишгоҳи нави Душанбе
Дар Варзишгоҳи нави Душанбе, ки сохтмонаш ҳанӯз ба поён нарасидааст, рӯзи 20-уми август сӯхтор сар зад.
Ҳарчанд ҳоло оташ хомӯш карда шудааст, мақомот сабаби ҳодиса ва зиёни расидаро намегӯянд.
Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, қисмати поёнии варзишгоҳ оташ гирифтааст.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дуди сиёҳу ғафс аз маҳалли сохтмони варзишгоҳ берун меояд.
Сохтмони Варзишгоҳи нави Душанбе аз соли 2019 ҷараён дорад. Онро бо ёрии Федератсияи Байнулмилалии Футбол барои 30 ҳазор тамошобин месозанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон варзишгоҳҳои хурду калони зиёде сохта шудаанд, вале чамани ин майдонҳо сунъист. Ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд, чун барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.
