Добавить новость
103news.com
World News
Сентябрь
2025

Боздошти ду гумонбар дар қатли як модар ва се кӯдакаш дар Рӯдакӣ

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар қатли як модар ва се фарзандаш дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, хабар дод. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рух дод ва боиси сару садоҳо ва тарсу ҳароси сокинон шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нӯҳ рӯз баъд аз ҳодиса эълон кард, ки дар пайи чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ду нафар бо номҳои А.С ва С.Н ба гумони даст доштан дар ин куштор, боздошт шудаанд. Ба иттилои ВКД, боздоштшудаҳо яке 32-сола ва дувумӣ 16-сола мебошанд.

Дар хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи шахсияти гумонбарон ва ангезаи ҳодиса омадааст, ки онҳо истиқоматкунандагони ҳамин деҳа буда, "бо ҳадафи дуздӣ ва ғоратгарӣ" ба ин хона ворид шудаанд ва ҳангоме, ки соҳибхона огоҳ мешавад, онҳоро "ваҳшиёна", ба қатл мерасонанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ин ду нафар аз қабл доғи судӣ доштанд. Ба иттилои ВКД, тафтишро ҳоло мақомоти додситонӣ пеш мебаранд.

Назари худи ин афрод ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Ва низ то кунун маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не.

Мақомот мегӯянд, ки марги Шаҳло Назароваи 45-сола ҳамроҳ бо писар ва ду духтараш дар манзили истиқоматиашон рух додааст. Ба нақли ҳамсояҳо, ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти интизомӣ ҳамсояҳоро бозпурсӣ карда, изи ангушт гирифтанд. Бархеро ҳушдор додаанд, ки бе иҷоза бо дигарон дар ин бора сӯҳбат накунанд. Масъулони деҳа аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд ва кӯдаконро беназорат намонанд.

Духтарони зан Ҳабиба ва Ҳамида, писараш Шараф ном доштанд. Писар 6-сола ва духтарон 15 ва ва 17-сола будаанд. Шавҳари зан, ки дар муҳоҷирати корӣ буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омадааст.

Мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин ҳамсинфону омӯзгорони мактаберо, ки духтарони ин хонадон дар он таҳсил мекарданд, бозпурсӣ намуданд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России