Исроил ва ИМА ба чандин шаҳри Эрон ҳамла кардаанд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико 28-уми феврал дар як паёми видеоӣ хабар дод, ки "ИМА амалиётҳои бузурги низомиро дар Эрон оғоз кардааст". Трамп гуфт, ҳадафи ин ҳамлаҳо "бартараф кардани таҳдидҳои фаврӣ аст". Вазорати дифои Исроил ҳам аз анҷоми "ҳамлаи пешгирона" ба Теҳрон хабар додааст. Як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳамлаҳои Амрико аз тариқи ҳаво ва дарё дар ҳоли анҷом шудан аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо аз байн бурдани ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ сурат мегирад. Читать дальше...
