Ҷасади ҳамсари президенти собиқи Тоҷикистонро ташхис мекунанд
Мақомоти интизомӣ тасмим гирифтанд ҷасади хонум Майрам Набиева, ҳамсари президенти нахустини Тоҷикистон Раҳмон Набиевро, ки дар паи сӯхторе дар манзилаш дар Хуҷанд рӯзи 28 декабр ҷони худро аз даст додааст, ба ташхиси тиббӣ фиристанд.