Эрдуғон бо раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи чӣ мегӯяд?
Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – гуфт, ки ҳафтаи оянда барои баҳси равобити кишвараш бо Фаронса ба Порис хоҳад рафт. Оқои Эрдуғон дар ин бора рӯзи 30-юми декабр дар нишасти ҳизби ҳокими Туркия хабар дод.
Як манбаъ дар раёсати ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки ҷанги дохилии Сурия ва тасмими Амрико барои ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил дар рӯзномаи мулоқоти раҳбарони Туркияву Фаронса қарор хоҳад дошт.
Дидори Эрдуғон аз Фаронса дар замоне сурат мегирад, ки танишҳо миёни Туркия ва Иттиҳоди Аврупо афзоиш ёфтааст.
Гуфтугӯҳо дар мавриди узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо пас аз он мутаваққиф шуд, ки Ғарб аз Анкара ба хотири саркӯби мухолифини дохилиаш ба дунболи табаддулоти нофарҷоми соли 2016 ба шиддат интиқод кард.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ахиран ибрози умед кард, ки равобити Туркия бо Иттиҳоди Аврупо беҳбуд хоҳад ёфт. Вай рӯзи 28-уми декабр ба хабарнигрони Туркия гуфта буд, ки “бояд теъдоди душманонро коҳиш бидиҳем ва теъдоди дӯстонро бештар созем.”