Истеъфои мансабдорони Словакия баъди куштори рӯзноманигор Ян Кучак
Ба думболи куштори хабрнигори таҳқиқотгар Ян Кучак як қатор мақомдорҳо, аз ҷумла ёвари нахуствазир Мария Трошкова, котиби Шӯрои амният Вилиам Ясан ва вазири фарҳанг Марек Мадярич аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Мадярич гуфт, ҳатто наметавонад тасаввур кунад, ки баъд аз ин ҳодиса чигуна дар "курсии вазирӣ" хоҳад нишаст.
Ян Кучак, рӯзноманигори сомонаи Aktuality.sk дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) робитаҳои эҳтимолии сиёсатмадорони Словакияро бо мафияи итолиёвӣ таҳқиқ мекард. Охирин матлаби Кучак 9 феврал нашр шуд, ки мавзӯи он тақаллубкориҳои молиётии марбут ба як маҷмуаи истиқоматӣ дар Братислав буд.
Ҷасади Ян Кучакро бо захми тир 25 феврал пайдо карданд ва пулис гуфт, куштори ӯ ба фаъолияти касбияш рабт дорад. "Дар Словакия бори нахуст аст, ки ба рӯзноманигор ин гуна ҳамла мекунанд", - афзуд намояндаи пулис.
Дар робита ба куштори мазкур мухолифон талаб доранд, ки вазири умури дохилӣ Роберт Калиняк ва сардори пулиси ин кишвар Тибор Гашпар ба истеъфо раванд.