Як ҷуфти солманди покистонӣ аз ҷангҳои Ғута ҷон ба саломат бурд
Як зану шавҳари солманди покистонитабор, ба думболи оташбаси авоили ҳафтаи Русия ва эҷоди долони хайрия, аз Ғутаи шарқии Сурия берун оварда шуд.
Хабаргузории наздик ба шӯришгарони ҷиноҳи "Ҷайш ал-Ислом" - Кумаит, рӯзи 28 феврал акси ин ду нафарро нашр кард, ки зоҳиран дар назди мошини Ҳилоли аҳмари Сурия нишастаанд ва дар даст сандаҳои Покистонро доранд.
Хабаргузории France Press мугӯяд, ки Муҳаммад Фадҳал Акрами 73-сола ва ҳамсари 62- солаи ӯ Сағран Бибӣ, аз шаҳри Думои воқеъ дар канораҳои Димишқ беун омаданд. Ду писар, се духтар ва 12 набераи онҳо дар шаҳр монд.
Шабакаи телевизионии Ал-Арабияи Саудӣ мегӯяд, ки ин ҷуфт беш аз 40 сол дар Сурия зиндагӣ кардааст.
Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, аз замони эълони оташбас ва "долони башардӯстона" ин ҷуфт, аз 400,000 сокини Ғутаи Шарқӣ ягона нафароне ҳастанд, ки тавонистанд хориҷ шаванд. Ба гуфтаи гурӯҳи нозири ҷанги ҳафтсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия, раҳоии ин ду нафар баъди моҳҳо гуфтушуниди сафорати Покистон дар Сурия имконпазир шуд.