Бердимуҳаммадов дар 8 март ба занҳо 11-долларӣ тақдим мекунад
Туҳфаи идонаи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба занҳои кишвараш дар Рӯзи байналмилалии занҳо соли ҷорӣ аз 40 манат, муодили 11,4 доллар, иборат хоҳад буд.
Президент Бердимуҳаммадов дар ин бора рӯзи 28 феврал фармон имзо кард.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, туҳфа ба занҳое, ки дар муассисаҳо, созмонҳо ва корхонаҳо фаъолият мекунанд, тақдим мешавад. Бознишастаҳо, донишҷӯён, хонандагони мактаб ва боғча низ аз президент тӯҳфа дарёфт мекунанд.
Президенти Туркманистон ба занҳои кишвар дар рӯзи иди онҳоҷйоиза пулӣ медиҳад. Ин маросимро маъмулан аз тариқи телевизиони давлатӣ намоиш медиҳанд.