Нигаронии НАТО, Трамп ва Меркел аз изҳороти Путин дар бораи силоҳҳои нав
НАТО, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти ИМА Доналд Трамп, аз эълони президенти Русия Владимир Путин, дар заминаи истиқрор ва тавлиди маҷмӯи силоҳҳои тавонманди ҳастаӣ, изҳори нигаронӣ карданд.
Рӯзи гузашта Путин дар паёми солонааш ба палатаи болоии порлумони Русия, аз тавлиди мушакҳои наве тавсиф кард, ки метаовнанд ба ҳар гӯшаи дунё зарба зананд ва сохтори дифои мушакии ИМА наметавонад онҳоро хунсо кунад.
Меркел ва Трамп рӯзи 2 март дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ин силоҳҳо ба "талошҳои байналмилалии назорати силоҳ" таъсири бад мегузоранд.
Ҳушдоре, ки Путин дар ҷараёни суханрониаш ба шарикони НАТО дод, "ғайриқобили қабул ва ғайри созанда буд",- гуфт сухангӯи НАТО Оана Лунгенску дар як изҳорот, ки онро хабаргузории Reuters иқтибос кард. "Мо хостори Ҷанги Сарди ҷадид ва сабқати силоҳ нестем",- гуфт ӯ ва афзӯд, ки ҳадафи сохтори дифоӣ, ки НАТО дар Аврупо бунёд кардааст, Русия нест.