“Амузанг – Хатлон”. Нахустин қатор рӯзи 7-уми март мегузарад
Пас аз ҳафт сол роҳи оҳани “Амузанг-Хатлон”, ки ҷануби Тоҷикистонро бо Узбекистон пайванд медиҳад, боз хоҳад шуд. Мақомот гуфтанд, ки нахустин қатор аз ин роҳ рӯзи 7-уми март мегузарад.
Дар ҳоли ҳозир омодагии намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон ва идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои истиқболи ин қатор дар истгоҳи Хушодии ноҳияи Шаҳритус ҷараён дорад. Усмон Қаландарзода, муовини раиси Идораи роҳи оҳан, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин қатор ҳайати “Темур йулларӣ”-и Узбекистон низ хоҳад омад.
Аз ин пеш, рӯзи 1-уми март дар марзи Тоҷикистону Узбакистон 9 гузаргоҳ расман мавриди истифода қарор гирифт.
Истгоҳи Хушодӣ, яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани “Амузанг-Хатлон” аст, ки аз шоҳрагҳои транзитӣ барои ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Соли 2011 ин шоҳрагро буриданд ва Хатлон аз роҳи арзон ва осони таъмини маводи ғизоӣ ва маҳсулот маҳрум шуд. Иқтисодаш садҳо миллион доллар зарар дид ва пайванди хешутабории сокинони узбектабори Хатлон ҳам тақрибан канд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, боз шудани роҳи оҳан ба рушди иқтисоди вилояти Хатлон ва манотиқи ҳаммарзи Узбекистон мусоидат хоҳад кард.