Озарбойҷон: cухтори пурқурбонӣ дар Боку талоши худкушӣ буд
Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, ки сӯхтори рӯзи 2 март дар маркази эҳёи мӯътодон дар Боку, талоши худкушӣ буд ва гумонбар боздошт шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситони кулли Озарбойҷон дар изҳороти рӯзи 6 январ гуфтанд, як бемори ин марказ, Муҳаммад Мамадов, ки намехост дар ин марказ табобат бигирад, ба хотири худкушӣ оташ афрӯхт.
Изҳорот мегӯяд, марди гумонбар, ки рӯзи 3 март боздошт шуд, дар ин марказ аз ихтилоли равонӣ ва рафторӣ, ки дар пайи майзадагӣ ҳосил шудааст, табобат мегирифт.
Ӯ аз рӯи банди куштори барқасдона, куштори афроди оҷиз ва осеб расондан ба моликияти одамон муттҳам шуд,- омадааст дар изҳорот.
Бинои якошёнаи чӯбини маркази табобати нашъамандон соати 6:10 субҳи 2 март оташ гирифт ва 25 нафарро қурбон кард.