Намунаи тоҷикии Counter - Strike. Саҳнаҳои тирпаронӣ дар “Душанбе Плаза”
Дар Тоҷикистон версия ё намунаи тоҷикии бозии маъруфи Counter – Strikе-ро омода кардаанд, ки ҳодисаҳояш дар бинои “Душанбе – Плаза” мегузарад. Ин бозӣ, ки аз саҳнаҳои куштору тирпарронӣ ва кордзанӣ иборат аст, аз маъруфтарин бозиҳои компютерӣ миёни ҷавонони тоҷик ба ҳисоб меравад.