Washington Post: Трамп Путинро сарфи назар аз тавсияҳо табрик кард
Президент Путин дар гуфтугӯии телефонии рӯзи 20 март бо Владимир Путин, аз тавсияи мушовиронаш дар умури амнияти миллӣ сарфи назар кард. Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба манбаҳои Кохи сафед хабар дод.
Дар матне, ки мушовирон барои гуфтугӯи президент Трамп бо Владимир Путин омода карданд, ба таври рушан гуфта мешуд, ки президент аз табрики Путин дар робита ба пирӯзии ахирӣ дар интихобот худдорӣ кунад, - навиштааст рӯзнома. Аммо Трамп сӯҳбатро аз табрикоти пирӯзии Путин оғоз кард. Баъдан Кохи сафед ва Кремл дар ин бора гузориш доданд.
Ба гуфтаи манобеи Washington Post, мушовирон дар маводи худ ба Трап тавия доданд, ки дар сӯҳбат бо Путин масъалаи дар Британия заҳролуд шудани ҷосуси пешини истихбороти Русия Сергей Скрипалро матраҳ кунад, Аммо Трамп ин мавзӯро матраҳ накард ва бештар ба Кореяи Шимолӣ ва сиёсати байналмилалӣ тамаркуз намуд.
Манобеи Washington Post намедонанд, ки Трамп дониста аз тавсияҳо сарфи назар кард ва ё то оғози сӯҳбат маводро нахонда буд.