Модаре, ки 4 кӯдакашро сӯзонд, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфт
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯи фарзандонаш пошидани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуд. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт, аммо соли 2012 табобат гирифта буд.