CNN: амрикоиҳо оиди созиши пинҳонии Трамп бо Русия назари ягона надоранд
Биноба пурсиши афкори умум, ки шабакаи телевизионии CNN анҷом дод, 58 дар сади амрикоиҳо мехоҳанд, қазияи созиши эҳтимолии Доналд Трамп бо Русия ҳамаҷониба таҳқиқ шавад; 36 дар ин таҳқиқро талоши мухолифин барои бадном кардани Доналд Трамп арзёбӣ мекунанд.
Ин рақамҳо, сарфи назар аз лаҳни тунди Трамп дар робита ба таҳқиқи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ва ҳамин тавр прокурори махсус Роберт Мюллер, тақрибан ҳамон тавре боқӣ мондаанд, ки дар моҳи феврал буданд.
Дар беш аз як моҳи гузашта, маълум шудааст, ки Мюллер доираи таҳқиқашро густариш дода, ба он амалиёти молии Трамп бо Русияро ҳамроҳ кардааст. Ин дар ҳолест, ки аъзои кумитаи истихбороти Конгресс дар гузориши худ дар ин робита, ҳамагуна ҳамкории ситоди интихоботии Трамп бо Русияро рад кардаанд. Аммо ҳамчунон, ки дар моҳи феврал буд, 48 дар сади пурсидашудаҳо аз шеваи таҳқиқи Мюллер розӣ ҳастанд ва 32 дар сад мавқеи Трампро ба ин масъала дуруст мешуморанд.