Ба Салиби Сурх иҷозат шудааст, ки Марямро аз Ироқ биорад
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Салиби Сурхи Байналмилал иҷозат додааст, ки Марям Шоева, кӯдаки даҳсолаи тоҷикро аз Ироқ ба ватан биорад. Марям Шоева феълан дар яке аз паноҳгоҳҳои Ироқ аст.