Фарзон Салимов: "Ҳар касе ба ҷои мо мешуд, одамонро аз сӯхтор наҷот медод" САДО
Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар шаҳри Кемеровои Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштанд. Ин панҷ нафар, ки корманди мағозаи либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун бурдаанд.