Мутахассисони футбол: Ҳунари бозигарони тоҷик ҳамин қадар аст. ВИДЕО, CАДО
Бохти тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ҳалкунандаи даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё ба дастаи Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот маҳрум гаштани мунтахаби кишвар миёни мутахассисони футболи тоҷик вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст.