Бритониё: "Замимаи Магнитский" поймолкунандаҳои ҳуқуқи башарро муҷозот мекунад
Парлумони Бритониё ба қонуни мубориза бо пулшӯӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон изофаи нави муҷозоткунандаи нақзкунандаҳои ҳуқуқи инсонро ворид кард, ки ба номи ҳуқуқшиноси марҳум Сергей Магнитский гузошта шудааст. Барои қабули ин изофа ҳама аъзои маҷлис раъй доданд.
Вазири хориҷаи Бритониё Борис Ҷонсон ин таҳаввулотро “лаҳзаи муҳим” номид ва гуфт: “Ин иқдом ба мо имкон медиҳад, ки зидди нақзкунандаҳои ашаддии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон амал кунем.
Бритониёи Кабир барои риояи ҳуқуқи башар дар саросари сайёра садо баланд мекунад”, навишт Ҷонсон дар саҳифаи худ дар Твиттер. Ҳоло ин санадро бояд палатаи болоии маҷлис тасдиқ кунад. Дар ИМА айни чунин қонун барои муҷозоти нақзкунандаҳои ҳуқуқи инсон дар Русия қабул шудааст.
Қабули тадбирҳои нави муҷозоткунанда дар Бритониёро бо қазияи заҳролудшавии ҷосуси дугонаи рус ва духтараш дар шаҳри Салисбурӣ рабт медиҳанд. Дар ин ҳодиса Ғарб Маскавро масъул медонад, дар ҳоле, ки Маскав ин иттиҳомро бепояву асос хондааст.