"Некӣ мекунем" -- дар Русия фонди кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик таъсис ёфт
Барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо дар Русия як бунёди хайриявӣ ба кор оғоз кард. Бунёди "Некӣ мекунем" аз ҷониби Ситора Шодавлат, як тоҷики муқими Русия ва гурӯҳе аз ихтиёриён дар Маскав таъсис ёфтааст.