Маккейн намехоҳад ки Трамп дар маросими дафни ӯ иштирок кунад
Хонаводаи сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн "феълан барнома дорад, ки ба маросими дафни ӯ ноиби президенти ИМА Майк Пенс даъват шавад, на Доналд Трамп",- менависад нашрияи The New York Times ва тасмими хонаводаро ба равобити пуртаниши Маккейн бо Трамп марбут мекунад.
Маълумоти расмӣ дар бораи саломатии Ҷон Маккейн вуҷуд надорад, аммо бинобар баъзе аломатҳо вазъи сенатор чандон хуб нест. Моҳи июли соли 2017 табибон гуфтанд, ки Маккейн саратони мағзӣ дорад. Ҳамон моҳ ӯ бар хилофи мавқеи ҳизбаш, ба муқобили бекор кардани барномаи тандурустии замони президент Обама - "Obama-care" райъ дод. Ин қарори Маккейн Трампро ба хашм овард, ки ӯ ҳатто бо гузашти ним сол инро дар ҷалсаи ҳизби ба Маккен хотиррасон кард.
Соли 2015 Доналд Трамп гуфт, ки Ҷон Маккейн, пилоти ҳарбӣ, ветерани ҷанги Ветнам, "ҳеҷ қаҳрмон нест", зеро ҳавопаймои ӯ дар осмон зада шуд ва худаш ҳам шаш сол асири низомӣ буд.
Трамп дар ҷанозаи собиқ бонуи аввал Барбара Буш низ ҳузур надошт, ки моҳи гузашта вафот кард. Кохи сафед гуфт, "президент ба хонаводаи Буш эҳтиром дорад, аммо аз ин хотир ба маросим намеравад, ки таъмини амнияти президент метавонад ҷараёни дафнро халадор кунад".