Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2018

Дарси кафшеру дуредгарӣ барои маҳбусони тоҷик

0
Дарси кафшеру дуредгарӣ барои маҳбусони тоҷик

Садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон ба дарсҳои кафшеру дуредгарӣ ҷалб шуда, дар шароити маҳбас ҳунар ва касберо меомӯзанд, ки  баъди тарки зиндон кардани онҳо дар озодӣ барояшон нон медиҳад.

Рӯзи 7 май дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ёвон маросими оғози давраи омӯзишии ҳунарҳои кафшеру дуредгарӣ баргузор шуд.  Лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад,  бо ширкати  сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг, роҳбари минтақавии DVV International дар Осиёи Марказӣ Леван Квачадзе ва раҳбарияти маҳбасҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Иззатуллло Шарифзода, муовини вазири адлияи кишвар баргузор гардид.

Барои баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар зиндони Ёвон  синфхона ва коргоҳҳо таъмир шуда, бо лавозимоти муосир муҷаҳҳаз шуданд. Дар ҷараёни ин маросим дипломатҳои аврупоӣ тавонистанд ба таври ғайрирасмӣ бо чанд зиндонӣ ҳам сӯҳбат кунанд.

Муаллифи ин лоиҳа – созмони  DVV International  мегӯяд, ки лоиҳаи омӯзиши ҳунарҳои сохтмонӣ ду сол идома карда, бар асоси он  450  маҳкумшуда дар муассисаҳои ислоҳии №3/8 дар шаҳри Норак ва №3/6 дар шаҳри Ёвон, инчунин 800 нафар собиқ маҳкумшудаҳо дар 10 шаҳру навоҳии кишвар таълим дода мешаванд. Муаллифон умед доранд, ки ҳунарҳои мазкур дар барқарории иҷтимоии зиндониҳо ва ҳам ихтисоси касбу шуғли муайян дар оянда барояшон кӯмак мекунад. Умеди аслии онҳо ин аст, ки баъди баромадани зиндониҳо ба озодӣ аз роҳи касби худ метавонанд рӯзӣ ёфта ба зиндагии осоиштаву бидуни ҷиноят рӯ биёранд. 

​Нурулло Бекназаров, як масъули муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 7 май гуфт, ки дар гузашта мардони маҳкумшуда ба зиндон барои мактабҳо миёна мизу курсӣ месохтанд. Вай гуфт, як бартарии курсҳои нави омӯзишии зиндониҳо ин аст, ки бо таҷҳизоти наву замонавӣ кор мекунанд.  Як масъули дигари зиндонҳо гуфт, ки баъди азхуд кардани ҳунарҳо, зиндониҳо метавонанд дар ҷараёни кор амру фармоиши муштариёнро иҷро кунанд ва даромад аз кори анҷомдодаи онҳо барои харҷи онҳо дар зиндон масраф мешавад.

Дар соли 2014 бо талошҳои созмони «DVV International” дар зиндони занонаи шаҳри Норак ҳам дарсҳои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ  ва қаннодӣ таъсис шуд. Ин дарсҳо барои бисёр занони ҷинояткарда шонси хуби бозгашт ба ҳаёти соливу бидуни ҷиноятро фароҳам овард. Он замон масъулин гуфтанд, ки барои дарёфти ҳақи ширкат дар ин дарсҳо, заноне роҳ дода мешаванд, ки ҷиноятҳои сабук содир кардаанд.

Дар муассисаҳои ислоҳиву зиндонҳои Тоҷикистон, ки шуморашон ба 18 адад мерасад, бино ба омори соли 2016 - 12 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешуд. Дар гузашта мақомот мегуфтанд, ки барои мардони зиндонӣ ташкили кор дар дохили зиндон як мушкил аст ва вобаста аз имкониятҳои муассиса ва маблағгузорӣ, маҳбусон бо истеҳсоли коғази ташноб, хиштрезӣ, сандуқсозӣ ва корҳои кишоварзӣ мекунанд. Дар фурсати фориғ аз кор, имкони китобхонӣ доранд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Валерия и Иосиф Пригожин улетели из России в Турцию




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

Драйв и экстрим: к фестивалю "СтарТуй" присоединятся сильнейшие BMX-райдеры России

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»


Дарья Касаткина

Касаткина о романе Синнера и Калинской: рада, больше ничего не хочу говорить



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Людвиг ван Бетховен

Юные туляки сыграли с филармоническим оркестром Бетховена и Вебера



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России