Оташ задани парчами коғазии Амрико дар порлумони Эрон
Даҳҳо вакили мардумӣ дар Эрон дар вокуниши хашмгинонае ба қарори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи хориҷ шудан аз созиши атомӣ бо Эрон парчами коғазии Амрикоро дар дохили порлумон оташ заданд. Онҳо ҳамчунин “Марг бар Амрико” шиор доданд. Алии Лориҷонӣ дар ҷаласа суханронӣ кард.