Кореяи Шимолӣ се шаҳрванди Амрикоро озод кард
Ҳавопаймои Котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо се шаҳрванди Амрико, ки ахиран дар Кореяи Шимолӣ озод шуданд, рӯзи панҷшанбе дар пойгоҳи ҳавоии Эндрюси аёлати Мэриленд, канораҳои Вашингтон, фурӯд омад.
Рӯзи чоршанбе Кохи сафед хабар дод, ки бо дастури президент Трамп, 9 май Котиби давлатӣ Майк Помпео ва намояндагони дигари ҳукумати ИМА ба Пхенян рафтанд, то мулоқоти президент Трамп бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Унро омода кунанд.
Шабакаи телевизионии CNN хабар дод, ки мулоқоти Трамп бо Ким Чен Ун дар Сингапур баргузор мешавад.
Дар ҷараёни сафари Котиби давлатӣ раҳбарияти Кореяи Шимолӣ се шаҳрванди боздоштшудаи Амрикоро озод кард, ки ба ҷосусӣ ва амалҳои хасмона муттаҳам буданд.
Хабаргузории Yonhap-и Кореяи шимолӣ гуфт, ки се шаҳванди ИМА аввали моҳи апрел аз лагер ба меҳмонхонаи атрофи Пхенян интиқол ёфтанд.
Сухангӯи Кохи сафед гуфт, ки амрикоиҳои озодшуда ба Маркази миллии тиббиву низомии аёлати Мэрленд интиқол меёбанд.