Чин гуфт, ки ба созиши ҳастаӣ бо Теҳрон содиқ мемонад ва нафти Эронро мехарад
Чин гуфт, ки ба созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ - Барномаи ҷоемаи иқдоми муштарак содиқ мемонад ва сеяки нафти Эронро ҳамчунин харидорӣ мекунад.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Генг Шуанг гуфт, ки кишвараш ҳуруҷи ИМА аз қарордоди ҳастаӣ бо Эронро таассуфовар мешуморад. Ӯ афзӯд, Чин мехоҳад якпорчагӣ ва арзиши ин санадро, ки аз нигоҳи Пекин барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва таъмини субот дар Ховари Миёна муҳим аст, ҳифз кунад.
Президент Доналд Трамп рӯзи 8 май Арикоро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 дар байни Теҳрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ имзо шуда буд, хориҷ кард ва гуфт, ки алайҳи "режими оятуллоҳҳо" шадидтарин таҳримро ҷорӣ мекунад. Бар пояи созиши ҳастаӣ, Эрон муваззаф шудааст, ки дар ивази лағви таҳримҳо барномаҳои ҳастаияшро маҳдуд кунад.