Аблязов худро тарҳрези эътирозҳои ахири Қазоқистонро эълон кард
Мухтор Аблязов, бонкдори пешини Қазоқистон ва мухолифи ҳукумати ин кишвар гуфт, эътирозҳои рӯзи 10 майро ӯ ташкил кард.
Рӯзи панҷшанбе дар якчанд шаҳри Қазоқистон, аз ҷумла Остона, Алмато, Урал, Оқтеппа, Атирау ва Чимкент эътирозҳои мардумӣ баргузор шуд. Ширкатдорони тазоҳурот озодии "маҳбусони сиёсӣ", "қатъи шиканҷа" ва беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодиро талаб карданд. Дар ҷараёни эътирозҳо даҳҳо нафар боздошт шуд.
Бино ба арзёбии нозирон, шумори кормандони пулиси Остона ва Алмато баробар ба теъдоди ширкатдорони эътирозҳо будааст. Дар Алмато пулис 80 танро боздошт кард. Дар шаҳри Остона ҳудуди 100 нафар боздошт ба ба идораи пулис бурда шуд. Шумори дақиқи боздоштшудаҳо дар шаҳрҳои дигар маълум нест.
Мақомоти Қазоқистон Мухтор Аблязовро дар дуздии дороиҳои бонки БТА айбдор мекунанд. Аблязов замоне ин бонкро роҳбарӣ мекард. Ҳоло ин мухолифи ҳукумати Қазоқистон дар Аврупо паноҳанда аст.