Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2018

Ёвари дабири кулли СММ ба мақомоти тоҷик чӣ гуфт?

0
Ёвари дабири кулли СММ ба мақомоти тоҷик чӣ гуфт?

Боздиди  дурӯзаи ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор аз  Душанбе ва мулоқоти ӯ бо намояндагони мақомот анҷом ёфт.  Гилмор бо мақомҳои дуюм дар вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия ва додситонии кулл, инчунин бо гурӯҳи хурди ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом дод. Тамоми ҷараёни ин сафар бидуни ҳузури матбуот сурат гирифт.

Як манбаъ аз вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 15 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Эндрю Гилмор дар ин рӯз бо Абдуманон Холиқзода, муовини аввали вазир вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, мушкили зиндониён  ва шароити кори созмонҳои ҷамъиятиро матраҳ кардааст.

Ин манбаъ гуфт, ки мулоқоти Гилмор ва Холиқзода пушти дарҳои баста сурат гирифт ва тафсилоти он нашр намешавад. Дафтари намояндагии СММ дар Душанбе ҳам гуфт, ки қарор аст  дар паи ин сафар Гилмор дар Ню-Йорк як баёнияи матбуотӣ нашр ва диду боздидаш аз Тоҷикистонро натиҷагирӣ мекунад.

Аз ин қабл як сухангӯи Дафтари ҳуқуқи башари СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Гилмор ба Душанбе бо паёме ба мақомот рафтааст.  Фред Кирунги шоми 14 май аз шаҳри Ню-Йорк ба Радиои Озодӣ гуфт,  ки "дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳақи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бемаҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд".

Сафари масъули ҳуқуқи башари СММ ба Душанбе дар марҳилае сурат мегирад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар арзёбиҳои солҳои охири СММ ва созмонҳои байналмилалии дигар интиқод мешавад. Масоили мавриди интиқоди ташкилоти мисли Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарҳо – шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо, масъалаи зиндониҳои сиёсӣ ва набуди дастрасӣ ба додгоҳҳои шаффофу одилона мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки ҳуқуқи башарро муроот мекунад ва дар зиндонҳои ин кишвар ҳеҷ маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ намешавад.

 Ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор ҳамчунин субҳи имруз 15-уми май дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳудудан сад донишҷуёи риштаи ҳуқуқшиносӣ ним соат суҳбати омузишӣ анҷом додааст.

Илҳомиддин Маҳмадиев, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт,  Эндрю Гилмор ба донишҷӯёни тоҷик аз таърихчаи қабули эъломияи ҳуқуқи башар гуфт, ки аз қабули он  70 сол сипарӣ шуд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, ҳамчунин миёни донишҷуён ва ёвари Дабири кулли СММ дар мавриди ҳуқуқи инсон табдули афкор сурат гирифтааст. “Мавзуи суҳбат аслан ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон марбут набуд. Мавзуи калидии мулоқоти Эндрю Гилмор асосан дар бораи таърихи эъломияи ҳуқуқи башар буд».

Дар рӯзи аввали боздидаш аз Тоҷикистон рӯзи 14 май Гилмор бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кард. Яке аз ширкатдорони ин мулоқот Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони "Перспектива +" ба Радиои Озодӣ гуфт,  дар кори ин нишаст  намояндагони чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, назири Эътилофи зидди шиканҷа, "Нотабене", раҳбари анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон ва дигарҳо иштирок карданд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва шароити кори созмонҳои масъули ҳалли ин масоил рафтааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

ONYX отправляется в Большой тур по России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Красноярском крае завершился IV Музыкальный фестиваль под художественным руководством Юрия Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

В новой Москве соревновались нештатные формирования

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу


Ролан Гаррос

Парижские сюжеты: Медведев играл в кошки-мышки, Котов творил историю, Калинская заставляла нервничать Синнера



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

45% самарцев выбирают профессию только после школы



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России