Мансабдорони қазоқ ҳаққи узвият дар созмонҳои диниро надоранд
Порлумони Қазоқистон рӯзи 16-уми май лоиҳаи қонун дар бораи фаъолияти мазҳабӣ ва созмонҳои мазҳабиро қабул кард. Ин лоиҳа аз сӯи вазорати кор дар умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст.
Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои наве амсоли "ҷараёни харобиовари мазҳабӣ" ва "тундгароии мазҳабӣ" ворид шудааст. "Ворид кардани ин мафҳумҳо, инчунин манъи паҳнсозии ақидаҳои тахрибкори ҷараёнҳои динӣ имкон медиҳад, ки аз ақидаҳои барои мо бегона пешгирӣ карда шавад", - гуфт вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Дархан Калетаев.
Қонуни мазкур ҳамчунин иҷозат намедиҳад, ки кӯдакон ва наврасон бе розигии волидонашон ба маросимҳои динӣ ҷалб шаванд. Бар асоси лоиҳа, танҳо шаҳрвандоне ҳаққи дар хориҷ таҳсили динӣ карданро доранд, ки нахуст дар дохили кишвар маълумоти олии динӣ пайдо кардаанд.
Қонун ҳамчунин мансабдорони давлатиро аз аъзо шудан ба созмонҳои динӣ, истифода кардани мавқеи хидматиаш ба нафъи созмонҳои динӣ манъ мекунад.