Меркел: ИА медонад, ки созишномаи ҳастаӣ бо Эрон "оливу бенуқс нест"
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо медонанд, ки созишномаи соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон оливу бенуқс нест, вале бо ин вуҷуд, ба гуфтааш, ҳатто баъди аз он берун шудани ИМА ҳам онро ҳифз хоҳанд кард. Меркел рӯзи 17 май гуфт, ки бо ҳифзи мавқеаш дар нисбати ин созишнома ҳар як узви ИА бояд бо Эрон дар масоили марбут ба барномаи силоҳҳои баллистикӣ музокироти бештар барпо кунад. Ин суханҳоро Меркел дар ҷараёни як ҳамоиши Иттиҳодияи Аврупову Ғарб ва кишварҳои Балкан дар шаҳри Софияи Булғористон баён кард. Вай гуфт:
“Мо сари масоили матраҳшуда дар Нақшаи муштараки амал кор мекунем. Ҳар як узви Иттиҳодияи Аврупо ба ин андеша розӣ аст, ки ин созиш олӣ нест, вале мефаҳманд, ки мо бояд ба он пойбанд бимонем. Мо ин санадро ба хотири музокираҳои баъдӣ бо Эрон дар масоили дигар, мисли барномаи силоҳҳои баллистикӣ бояд ҳамчун асос истифода кунем”.
Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, ки дар София ҷамъ меоянд, рӯзе аз ин пеш гуфтанд, ки созиш бо Эронро ҳифз карда ҳимояи манфиатҳои ширкатҳои аврупоиро дар амри пешбурди ҳамкориву тиҷорат бо Эрон таъмин мекунанд.
Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ҳам рӯзи 17 май гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо манфиатҳои ширкатҳои аврупоии ҳамкор бо Эронро аз таъсири таҳримҳои Амрико ҳимоят хоҳанд кард. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, кишвараш аз созиши соли 2015 бо Эрон берун мешавад. Айни замон, Макрон гуфт, ки ширкатҳои азими мисли A.P. Moller-Maersk ва ширкати фаронсавии нафтии Total аз Эрон берун мешаванд, то бубинанд, ки таъсири таҳримҳои амрикоӣ чӣ асаре хоҳад кард. Ба гуфтаи Макрон, интихоб ба худи ширкатҳо аст. Total аз аввалин ширкатҳои азими нафтии аврупоӣ буд, ки баъди бекор шудани таҳримҳои Эрон соли 2016 бо ин кишвар ҳамкорӣ барпо кард. Вазорати молияи ИМА ҳафтаи гузашта ба ширкатҳои ҳамкори Эрон огаҳӣ дод, ки дар фурсати 3 то 6 моҳи дигар тасмими худро бигиранд, чунки метавонанд ба хотири нақзи таҳримҳои амрикоӣ ҷариманбандӣ шаванд.