Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии "Истиқлол" истеъфо дод
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе, истеъфо дод. Хадамоти матбуотии тими футболи "Истиқлол" нимаи дувуми рӯзи 22-юми май навишт, ки Муҳсин Муҳаммадиев қабл аз оғози тамрини бегоҳӣ истеъфои худро эълон кард.
"Раҳбарияти тим дархости Муҳаммадиевро қонеъ карда, ӯро аз иҷрои вазифаи сармураббӣ озод кард",- гуфта мешавад, дар изҳороти тими "Истиқлол". Маъмурияти тими "Истиқлол" эълон кард, ки айни замон Алишер Тухтаев иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ таъйин шудааст.
Муҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 дар вазифаи сармураббии тими "Истиқлол" буд.
Таҳти сарварии Муҳаммадиев тими «Истиқлол»-и Душанбе, Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми «АФК-2017» роҳ ёфт.