Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2018

Даъват аз сокинони Дарвоз: Ба ҷои ифтор корҳои хайр кунед

0
Даъват аз сокинони Дарвоз: Ба ҷои ифтор корҳои хайр кунед

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар моҳи Рамазон аз сокинон даъват карданд, ки дар ивази ташкили дастурхони ифтор  ба кори хайру ободкорӣ кунанд.

Дар аз рӯзи аввали рӯза ба сокинони аксар ҷамоату деҳот дар ин ноҳия таъкид шудааст, ки аз густурдани дастурхони ифторӣ худдорӣ кунанд. Як масъули ҷамоати Нурванди ноҳияи Дарвоз рӯзи 24-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастур дар ин замина раиси ноҳияи Дарвоз содир кард, хостааст сокинон ба ҷойи оростани дастурхони бошукӯҳ барои ифтор, маблағи худро барои афроди ниёзманд ё ободкории маҳаллу минтақаи худ сарф кунанд.

“Дастархонҳое, ки солҳои пеш мекарданд, ҳозир барҳам шудааст ва пули он барои корҳои ободонӣ ва хайрия равона мешавад”, гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Бадахшон ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин иқдом дар пайи гуфтаҳои президент роҳандозӣ шуд ва ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар бархе аз деҳот сокинон бо ҷамъоварии пули ифтор мушкилоти маҳали худро ҳал мекунанд. Саидбурҳон Абдураҳмонзода гуфт: “Ин корҳо аз деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Сағирдашт шурӯъ шуд. Як роҳе доштанд, ки деҳаро ба маркази ҷамоат мепайваст ва дар фасли сармо тармаву дар баҳор сел омада, роҳ баста мешуд. Онҳо пеши ман даромада пешниҳод карданд, ки маблағи ифторро ҷамъ карда роҳро обод мекунем. Мо гуфтем, беҳтарин кор аст ва булдозерро ба онҳо додему корро шурӯъ карданд”.

Абдураҳмонзода ба ин назар аст, ки чунин таҷриба  бояд дар қаламравҳои дигари  кишвар ҳам роҳандозӣ шавад. Густурдани дастурхони ифтор  барои ҳамсояву хешу табор дар моҳи Рамазон миёни мардум дар Тоҷикиситон бисёр роиҷ аст. Дар бисёр деҳоти кишвар хонаводаҳо бо навбат ва вобаста ба имконият як рӯз барои сокинони деҳ дастурхон густурдаву якҷо ифтор мекунанд.

Сабрина Мусамирова, як намояндаи шӯъбаи танзим дар ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ҳоло мақомоти ноҳия дар деҳу маҳалҳо вохӯриҳо ташкил карда, сокинонро ба сарфаҷӯӣ ва худдорӣ аз ифтор даъват мекунанд. “Дар вохӯриҳо мардум ҳам хуб қабул карданд, мегӯянд пул ҷамъ мекунему ягон камбудиро ҳал мекунем,” гуфт Мусамирова.

Бархе аз сокинон агарчӣ аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд ва хайр ба ятимону ниёзмандонро ба ҷойи ифтор кори дуруст медонанд, гурӯҳи дигар ин таъкидҳои мақомоти ноҳияро дахолат  ба рӯзгори шахсии худ медонанд. Онҳо бо нигаронӣ мегӯянд, мулоқот бо дӯстону азизон баъди як рӯзи дарози рӯзадорӣ сари дастурхони пурнозу неъмат вақти рӯзадоронро хуш карда, баҳонае ҳам барои сӯҳбатҳои хуб мешавад.

Қонуни танзими расму оинҳо, ки аз соли 2007 амал мекунад,  додани ифторро шомгоҳони моҳи Рамазон  манъ накардааст. Вале ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи корҳои дин ва танзими маросиму анъанаҳо дар Тоҷикистон ба хотири он, ки ин иқдом ба як маъакаи сабқат табдил наёбад, ба сокинон тавсия шудааст, ки таомҳои барои ифтор омодашуда ба хонаи ниёзмандону ҳамсояҳо тақсим шавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В Москве ведется активная замена инженерных сетей в рамках реновации





Москва

США и Европа "подготавливают" Россию и Ближний Восток для переселений?!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил всех социальных работников с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

По Красноярску расклеили фейковые листовки VK Fest с Бастой — QR-код ведёт на сайт мошенников




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве прошёл спортивный праздник для росгвардейцев

Уверенная победа россиян на турнире ONE FRIDAY FIGHTS 66

Мастер-классы по созданию крафтовых украшений проходят в центре Москвы


Ролан Гаррос

Семнадцатилетняя Андреева впервые сыграет в полуфинале турнира Большого шлема



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Вирус эволюционирует: почему рано называть COVID-19 сезонным заболеванием



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России