Садақаи фитр дар Туркманистон ду баробар зиёд шуд
Муфтии Туркманистон бо судури як қарор ҳаҷми имсолаи садақаи фитрро дар моҳи Рамазон муайян кард, ки назар ба соли гузашта ду баробар бештар аст.
"Дар Туркманистон таъмини нафақаи хонавода то рафт мушкил шуда, нигаронии сокинон низ ба далели мушкилиҳои иқтисодӣ меафзояд. Бо ин ҳол боз муфтӣ ҳаҷми садақаи фитрро боло бурд", - мегӯяд хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ҳаҷми садақаи фитр сари ҳар одам 2 манат буд ва ҳаҷми имсолаи онро 5 манат муайян карданд. Тибқи қурби расмӣ, 5 манати туркманӣ баробар ба 1,4 доллари амрикоӣ аст.
Дар Туркманистон сокинон садақаи фитри худро ба имому имом-хатибони масҷидҳои маҳалли худ медиҳанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳаҷми закот низ дар Туркманистон афзоиш ёфтааст.
"Пештар мегуфтанд, ки чиҳиляки даромади худро бояд закот дод, вале имсол мегӯянд, сиякро диҳед", - афзуд хабарнигор.