Президентони СҲШ ба Чин мераванд. Аз Тоҷикистон чӣ хабар?
Президентони Русия, Эрон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳадафи ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба Чин мераванд. Вазири хориҷаи Чин Ван И рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотии вижа дар Пекин гуфт, ки сафари раҳбарони ин чор давлат аз рӯзи 6 то 10 июн дар назар аст. Дар иттилои вазорати хориҷаи Чин гуфта мешавад, ки сафари ин президентон бо даъвати раиси ҷумҳурии Чин Сӣ Ҷинпин сурат мегирад.
Ҳанӯз мақомоти тоҷик дар бораи сафари эҳтимолии президенти Тоҷикистон ба ҷаласаи СҲШ иттилое нашр намекунанд. Худи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 9 ва 10 июн дар шаҳри Тсиндао (вилояти Шандун) барпо мешавад, ки дар шарқи Чин ҷойгир аст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, ки дар ҷараёни ҳамоиши президентони узви СҲШ тахминан даҳ санад ба имзо меравад, ки аксари онҳо марбут ба ҳамкориҳо дар солҳои наздик, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши амният мебошанд.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 бо иштироки шаш давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд. Соли 2017 Ҳинду Покистон ҳам ба узвияти он пазируфта шуданд. Чор давлати дигар – Эрон, Афғонистон, Беларус ва Муғулистон дар мақоми кишварҳои нозир мебошанд.