Ду захмӣ дар паи занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Сино
Дар пайи як занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шудааст. Ин ҳодиса шаби 26-уми май рух додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони ширкат дар ин занозанӣ шаш нафарро боздошт кардааст. Боздоштшудаҳо аз 19 то 31 сол доранд.
Муҳсин Муҳаммадӣ, як масъули Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои ин занозанӣ таҳқиқ мешаванд.
“Тафтиши аввалия ҳанӯз сабаби сар задани муноқишаро маълум накардааст. Фақат гумонбарони ин задухӯрд боздошт шудаанд. Вақт лозим аст, ки тафтишот аниқ кунад, ки чаро онҳо занозанӣ кардаанд”-гуфт ӯ.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса ҳамчун як ҳодисаи “авбошӣ” санҷида мешавад. Ба гуфтаи Вазорат, ин ҷавонон “ҳангоми дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе қарор доштанашон, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро зери лату кӯб қарор дода, бо ин кирдорашон тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа дағалона вайрон намудаанд. Сипас, ҳангоми занозанӣ ҷавони 19-солаи гурӯҳи дуюм, бо корди дар дасташ буда, ҷавонони 22- сола ва 19-соларо ба рони пойҳои чапашон зада, захмӣ намудааст”.
Дар маҳаллаи 102-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бори аввал нест, ки миёни ҷавонон задухӯрд сурат мегирад.
Авоили моҳи январи соли гузашта дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-уми пойтахт, шуморе аз хонандаҳои ин мактаб ширкат доштанд. Дар он занозанӣ ду нафар ба ҳалокат расида буданд.