Дар Ваҳдат писар падарашро кушт
Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз куштори як мард аз сӯи писараш хабар доданд. Ба иттилои мақомоти ВКД, ҳодиса баъд аз зӯҳри 25-уми май дар ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат рух додааст. Манбаъ мегӯяд, ки як сокини 34-солаи ин маҳал бинобар сабабҳои хонаводагӣ ба падараш ҷанҷол намуда, ӯро латукӯб кардааст. Пулис мегӯяд, ба асари латукӯби писар, падар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Писари ин мард ба дунбол аз сӯи пулис боздошт шуда ва ҳоло дар нисбаташ барои "куштор", парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.