Тоҷирон: Агар мошинҳоямонро надиҳанд, "хонахароб" мешавем
Соҳибони садҳо автомобили санаи истеҳсолашон то соли 2005, ки баъди қарори манъи воридоти ин гуна мошинҳо, ба кишвар ворид карда шуданд, мунтазири ҳалли мушкили худ мебошанд. Мақомот автомобилҳои ин тоҷиронро 3 моҳ боз раҳо намекунанд ва бо гузашти ҳар рӯз, зарари молии онҳо меафзояд.